Июл 27, 2019 08:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди  мақомоти Эрон ва Тоҷикистон бар тавсиъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон бар тавсиъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс -Нюз Ғуломҳусейн Шофиъӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, санойеъ, маъданҳо ва кишоварзии Эрон ва Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар ин мулоқот дар мавриди вазъияти феълии робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар баҳс ва табодули назар карданд.

Шофеъӣ дар суханронӣ омодагии ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба иҷроии тарҳҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои мухталиф дар иқтисоди Тоҷикистонро эълом ва дар ин росто тақвияти робитаҳо миёни бахшҳои хусусии иқтисоди ду кишварро муҳим арзёбӣ кард.

Вай бо баёни ин,ки зерсохтҳои лозим барои  мубодилоти тиҷорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон фароҳам аст, гуфт; дар гузашта қарордодҳое ба имзо расида,ки мутаасифона дар иҷро бо ихтилофи назар мувоҷаҳ ва мутавақиф шуданд, дар ин шароит Эрон, омодагӣ дорад бо ҳали мушкилоти эҷодшуда, заминаро барои эҳёи ин қарордодҳо муҳаё кунад.

Шофеъӣ ҳамчунин аз омодагии утоқи Эрон ва утоқи муштараки Эрон ва Тоҷикистон,ки ба тозагӣ ташкил шудааст,барои пазириш ва эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ байни ду кишвар хабар дод.

Зоҳидӣ низ дар ин дидор мизони мубодилоти тиҷории соли гузашта миёни Эрон ва Тоҷикистонро ҳудуди 65 миллион доллар баровард кард,ки дар муқоиса бо чанд соли гузашта уфти чашмгире доштааст.

Бар асоси изҳороти сафири Тоҷикистон дар Теҳрон,дар солҳои гузашта сатҳи робитаҳои тиҷорӣ байни ду кишвар ҳудуди 500 миллион доллар буд,ки мутаасифона коҳиш доштааст. Вай дар идома аз нишастҳои ахири давлатҳои ду кишвар ва гуфтугӯҳо  барои тавсиъаи ҳаҷми муносибатҳои иқтисодӣ, сухан гуфт.