Июл 27, 2019 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар паи ёфтани бозорҳои содироти барқи худ бошад

Мудири идораи Бонки Рушди Осиё дар умури энержии кишварҳои Осиёи Маррказӣ дар ғарби Осиё муътақид аст Тоҷикистон бояд дар паи ёфтани бозорҳои нави содироти барқ бошад.

Ба нақлаз сомонаи Азия- Плюс,Ошок Баҳоргуво,ки барои сафари ду ҳафтаи ба Тоҷикистон омадааст,ҳадаф аз дидорҳои хеш бо мақомоти Вазоратхонаҳои Энержӣ ва захираҳои об,дороӣ ва ширкати давлатии Барқи Тоҷикро натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба ва мушахас кардани барномаҳои оянда унвон кард.

Вай гуфтааст Тоҷикистон аз захираҳои саршори об ба унвони манбаъи муҳими тавлиди барқ бархурдор аст,ки дар оянда ба зарфияти тавлиди барқи ин кишвар афзуда хоҳад шуд. Аз ин рӯ зарурат дорад Тоҷикистон на танҳо дар паи ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳҳои барқӣ обии нав балки пайдо кардани бозорҳои содироти барқи хеш низ бошад.

Миёни Бонки Рушди Осиё ва ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҳамкории 5 сола имзо шудааст,ки густариши ҳамкориҳои энержӣ миёни кишварҳои минтақаро мушахас мекунад.

Ба гуфтаи ошок Баҳоргуво Бонки Рушди Осиё дар тарҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон мустақиман сармоягузорӣ намекунад.Аммо дар сохти хати интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА 1000 эътибороти молӣ ихтисос медиҳад.

Ҳамчунин ҳазинаи сохти дубораи хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистонро бонки Рушди Осиё таъмин мекунад,ки заминаи афзоиши интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам месозад.

Аз сӯи дигар Бонки Рушди Осиё дар сохт ва бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.