Июл 28, 2019 08:42 Asia/Dushanbe
  • Сафари фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия ба Душанбе

Генерал Владимир Лапин фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия барои баррасии масоили амниятии минтақа ва дидор бо мақомоти Вазорати Тоҷикистон вориди Душвнбе шуд.

Ба нақл аз сомонаи ҳавзаи низомии марказии Русия, дар дидори ин мақоми русӣ бо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон дар бораи вазъияти амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои низомиёни ду кишвар баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия ҳамчунин низомиёни тоҷикро аз натиҷаҳои амалиёти неруҳои ҳаво фазои кишвараш дар Сурия алайҳи гуруҳҳои террористӣ огоҳ хоҳад кард.

Барномаи омодагии пойгоҳи низоии 201 артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон барои мушорикат дар размоиши мавсум ба "Марказ 2019" ва омӯзиши низомиёни тоҷик дар ин пойгоҳ аз дигар мавзӯотест, ки дар сафари ин мақоми низомии рус ба Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Размоиши муштараки низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо мушорикати низомиёни ин созмон дар қаламрави Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи сентиябр баргузор мешавад.

Пойгоҳи низомии 201 русҳо дар Тоҷикистон зермаҷмуаи ҳавзаи низомии марказии Русия аст.

Барчасп