Июл 30, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ифтитоҳи нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз баррасии дархости Тавҳидбонк барои дарёфти иҷозатномаи фаолият дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Бонки миллии Тоҷикистон аз баррасии дархости Тавҳидбонк барои дарёфти иҷозатномаи фаолият дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Бино бар ин гузориш Тавҳидбонк (дар гузашта Соҳибкорбонк) моҳи июли соли равон баъд аз сабти ном дар Кумитаи андози Тоҷикистон дархости дарёфти иҷозатномаи фаолият дар қаламрави ин кишварро ба Бонки милли ирсол кардааст.

Дар ҳоли ҳозир асноди пешниҳодшудаи бонки исломӣ мутобиқ бо банди 1 модаи 12 қонуни Тоҷикистон дар мавриди фаолияти бонкҳои исломӣ дар маҳдудаи ин кишвар таҳти баррасӣ қарор дорад. Интизр меравад зарфи 3 моҳи оянда  Бонки миллии Тоҷикистон назари худро дар мавриди интибоқ доштан ё надоштани асноди пешниҳодшуда бо қавонини ин кишвар ироа кунад. Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир асноди ҳуқуқии фаолияти муассисоти исломӣ дар қаламрави ин кишвар ба таври комил тадвин ва тасвиб шудааст.

Тағйири номи Соҳибкорбонк ба Тавҳидбонк бо ҳамоҳангии Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар моҳи июни соли равон бо тасмими маҷмаи умумии саҳомдорон ин бонк ба Тавҳидбонк табдил шуд. Соҳибкорбонк дар соли 2017 аз қасди худ барои табдил ба нахустин бонки исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон хабар дода буд. 

Барчасп