Июл 30, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Равнақи дубораи тиҷорат дар бозори марзии Бадахшон

Бозори муштараки марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон, ки чанд сол қабл ба далоили амниятӣ таътил шуда буд, бо ҳузури мақомоти маҳаллии ду кишвар бозгушоӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин бозори муштараки марзӣ ҳудуди даҳ сол қабл ифтитоҳ ва се сол пеш бинобар нигарониҳои амниятии тарафи Тоҷикистон баста шуда буд.

Маросими бозгушоии ин бозор бо ҳузури Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷикистон, Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон ва шуморе аз мақомоти ду кишвар баргузор шуд. Ду тараф фаъолияти ин бозори муштаракро дар бартараф шудани мушкилоти сокинони ин навоҳӣ барои дастрасӣ ба маводи аввалияи мавриди ниёз ва низ тавсеаи иқтисодии манотиқи марзии ду кишвар муассир донистанд.

Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон гуфт, мақомоти маҳаллӣ дар талошанд, то аз тариқи тиҷорат ва бозор бо ҳамоҳангии шарикони тоҷик худ ҳастаҳои иқтисодии нерӯмандеро дар манотиқи марзӣ эҷод кунанд.