Иттиҳоми ҷадид алайҳи масъулони ширкати нафтрасони "Умед-88"
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45547-Иттиҳоми_ҷадид_алайҳи_масъулони_ширкати_нафтрасони_Умед_88
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба зудӣ парвандаи ҷиноии ҷадид алайҳи масъулони ширкати нафтрасони "Умед-88"- ро ба иттиҳом бозпардохт накардани воми молии бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 31, 2019 06:47 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ҷадид алайҳи масъулони ширкати нафтрасони

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба зудӣ парвандаи ҷиноии ҷадид алайҳи масъулони ширкати нафтрасони "Умед-88"- ро ба иттиҳом бозпардохт накардани воми молии бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кардааст, Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов, раис ва муовини ширкати нафтрасони "Умед-88", ки ба 24 ва 22 соли зиндон маҳкум шудаанд, маблағи 26 миллион сомонӣ воми бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистонро бозпардохт накардаанд.

Гуфта мешавад ин маблағ аз ҳисоби фурӯши амволи ин ширкат ба бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон пардохт хоҳад шуд.

Кормандони Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, раиси ширкати таъмини сухти "Умед-88"- ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор масъули ин ширкат, дар соли 2017 боздошт ва ба онҳо иттиҳоми бозгардондани воми дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла Ҷамъияти саҳҳомии хосси нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро ворид карда буданд.