Август 02, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистону Эрон бар истифодаи бештар аз зарфиятҳои дуҷониба

Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бар истифодаи бештар аз зарфиятҳои мавҷуди миёни ду кишвар таъкид карданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз дидори Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Фарҳоди Дижпсанд, вазири иқтисод ва дороии Эрон хабар додааст. Дар ин дидор намояндагони расмии ду кишвар бар зарурати истифодаи бештар аз зарфиятҳои фаровони мавҷуди миёни Душанбе ва Теҳрон дар масоили иқтисодӣ, тиҷорӣ, молӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд. Зоҳидӣ ва Дижпсанд дар айни ҳол зарурати густариши қарордодҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, бима ва гумрукро ёдовар шуданд.

Дар поёни ин дидор вазири иқтисод ва дороии Эрон аз ҳамтоёни худ дар вазоратҳои марбута дар Тоҷикистон барои сафар ба Теҳрон даъват ва ибрози итминон кард, ки ин сафарҳо ба таҳкими муносиботи дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷории миёни ду кишвар кумак хоҳанд кард.