Август 05, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди тоҷикистонӣ, фармондеҳи ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон

Созмони Милаллӣ Муттаҳид эълом кард; як шаҳрванди 31 солаи тоҷикистонӣ, фармондеҳии ҷангҷуёни гурӯҳи террористии ДИИШро дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон бар уҳда гирифтааст.

Ба нақл аз сомонаи радиои Созмони Милалли Муттаҳид,Саидвалӣ Шафиев мулақаб ба Ҷалолободӣ ва Муовия, узви Шӯрои фармондеҳони мавсум ба вилояти Хуросон аст,ки аз тариқи Интернет бо роҳандозии саҳифае ба забони тоҷикӣ дар ҳоли ҷазби аъзои нав ва ҷамоварии манобеи молӣ барои ин гурӯҳи террористӣ аст.

 Коршиносони Созмони Миллалӣ Муттаҳид, теъдоди атбоъи тоҷикистонии аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистонро беш аз 100 нафар эълом кардаанд.

Номи Саидвалӣ Шафиев пас аз он расонаӣ шуд,ки кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар филме,ки моҳи маи соли 2018 аз шабакаҳои телвезионии ин кишвар намоиш дод, аз Ӯ ба унвони тарроҳи ҳамлаи террористии номувафақ ба теъдоде аз марказҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар ва пойгоҳи низомии 201 и артиши Русия дар Ҳумма и шаҳри Душанбе муарифӣ кард.

Гуфта мешавад,ки Саидвалӣ Шафиев дар раванди омӯзиш ва эъзоми ду нафар аз аъзои ин гурӯҳи 14 нафарӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон барои иҷроии амалиёти террористӣ даст доштааст.

Дар гузориши Созмони Миллали Муттаҳид таъкид шудааст,ки ҷангҷуёни узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон ва ҳам марз бо Тоҷикистон ба қочоқи маводи мухадир машғул ҳастанд ва қасд доранд нерӯҳои худро ба дохили кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон эъзом кунаннд.

Барчасп