Август 06, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷасадҳои тоҷикони ҷонбохта дар Рязани Русия ба Ватан

Ҷасадҳои шаш шаҳрванди ҷонбохтаи Тоҷикистон дар садамаи ронандагӣ дар вилояти Рязани Русия ба кишварашон интиқол меёбад.

Ба гузориши хабаргузории русии ОИР “Новости”, дар ҳодисаи ронандагие, ки субҳи имрӯз дар вилояти Рязани Русия рӯй дод, минибуси ҳомили 12 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо як минибуси дигар бархӯрд кард, ки дар ин сонеҳа шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва бақия захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли бозгашт аз Рязан ба кишваршон буданд. Қурбониёни ин ҳодиса, ки сокинони навоҳии мухталифи Тоҷикистон будаанд, байни 14 то 45 сол син доштаанд.

Иброҳим Аҳмадов, мудири дафтари намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, ки бо ҳамоҳангии сафорати ин кишвар дар Русия ва кумаки созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ҷасадҳои ҷонбохтагон ба Ватанашон мунтақил хоҳад шуд.

 

Барчасп