Гуруснанишинии як узви "Гурӯҳи 24" дар Лаҳистон
(last modified Wed, 07 Aug 2019 04:37:48 GMT )
Август 07, 2019 09:37 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишинии як узви

Як узви "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирон ва паноҳандагони шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон гуруснанишинӣ эълон кард.

Ба нақл аз хабаргузории Фарғона, Мустафо Ҳаётови 25 сола дар эътироз ба эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистонт даст ба чунин иқдоме задааст.

Вай дар соли 2016 ҳангоме, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард ба "Гурӯҳи 24" пайваст ва дар ин созмон масъулияти таблиғоти матолиб дар шабакаҳои иҷтимоиро бар ӯҳда дошт.

Ҳаётов дар соли 2016 бо убур аз марзи Украина аз мақомоти Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кард, аммо ҳукумати Лаҳистон дархости вайро рад кард. Ин фаъоли "Гурӯҳи 24" бо рафтан ба Олмон аз мақомоти ин кишвар низ дархост кард, ки ба вай мақоми паноҳандагии сиёсӣ эъто намояд.Вале мақомоти ин кишвар ҳам бо радди дархости Мустафо Ҳаётов вайро ба Лаҳистон баргардонданд.

Аз соли 2018 ин узви "Гурӯҳи 24" дар бошдоштгоҳи муваққати Варшава нигаҳдорӣ мешавад ва ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистон содир шудааст.

Аммо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба ин ҳукм эътироз кардаву гуфтаанд, ки дар сурати истирдоди Мустафо Ҳаётов ба Тоҷикистон вай мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт.