Август 07, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Гилояи Эмомалӣ Раҳмон аз камбуди муаллим ва мактаб дар Балҷувони Кӯлоб

Раисҷуҳури Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи омӯзишӣ ва гардишгарӣ ба ноҳияи Балҷувон дар минтақаи Кӯлоб сафар кардааст гуфт, ки бахши омӯзиш ва парвариши ин ноҳия ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мақомот ва мардуми ин ноҳия гуфтааст, ки бо вуҷуди афзоиши сармоягузорӣ дар бахши омӯзиш ва парвариши ноҳияи Балҷувон ва истихдоми 311 нафар аз донишомӯхтагони донишгоҳҳои дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам дар ин ноҳия камбуди фазои омӯзишӣ ва муаллим мушоҳида мешавад.

Вай афзуд: Сармоягузории ҳукумат дар омӯзиш ва парвариши ноҳияи Балҷувон аз 9 миллион сомонӣ дар соли 2014 ба 17 миллион сомонӣ дар соли 2019 расидааст, ки афзоиши қобили мулоҳизае аст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони истиқлоли Тоҷикистон дар ин ноҳия 34 мактаби нав бо зарфияти 4 ҳазору 400 донишомӯз сохта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз поёни сохти 7 мактаб барои 2 ҳазору 600 донишомӯзи ин ноҳия хабар дод.

 

Барчасп