Баррасии дубораи қазияи Шаҳбол Мирзоев дар додгоҳ
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе бозбинии ҳукми парвандаи ҷуброни зарари ҷисмонии Шаҳбол Мирозоев, сарбози фалаҷшудаи тоҷикро, ки ду сол аст, идома дорад, рӯзи 23 сентябр аз сар хоҳад гирифт.
Ба гузориши хабаргузории "Озодагон", манобеи Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки пас аз судури ҳукми қаблӣ мабнӣ бар пардохти маблағи 117 ҳазор сомонӣ бобати зарари ҷисмонӣ ба Шаҳбол Мирзоев аз сӯйи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишвар, ки бо эътирози ҳарду тараф мувоҷеҳ шуд, ба далоили номаълуме баррасии ин қазия ба таъхир афтода буд.
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар моҳи майи имсол ба Кумитаи марзбонии ин кишвар дастур дода буд, 117 ҳазор сомонӣ бобати ҷуброни хисороти воридшуда ба Шаҳбол Мирзоеви 25-сола, сарбози фалаҷшудаи ин нерӯҳо пардохт кунад. Бо ин ҳол, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон эълом карда буд, ки танҳо бахше аз ин маблағро метавонад пардохт кунад ва бақияи ҳазинаи дармони Шаҳбол Мирзоев бояд аз сӯйи Усмоналӣ Ғайратов, касе, ки ӯро латукӯб кардааст, пардохт шавад. Ин дар ҳолест, ки Усмоналӣ Ғайратов даврони маҳкумияти 9-солаи худро дар зиндон мегузаронад.
Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз хатми донишгоҳ довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, бар асари латукӯби сарбозони дигар дар моҳи марти сол 2014 ба шиддат маҷрӯҳ ва фалаҷ шуд. Пизишкон эълом кардаанд, ки барои дармони Шаҳбол Мирзоев ниёз ба замони тӯлонӣ ва сарфи зиёде аст.
Аз нигоҳи коршиносон, моҷарои Шаҳбол Мирзоев ҳокӣ аз авзои нобасомони ахлоқию иҷтимоӣ ва хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.