Август 10, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Имзои 40 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ

Давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҳошияи ҳамоиши гардишгарии “Тоҷикистон 2019” 40 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар поёни ҳамоиши “Тоҷикистон- 2019”, ки бо ҳузури созмонҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 40 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ ба имзо расид.

Ин асноди ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва ниҳодҳои муртабити дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имзо шудааст.

Бинобар асноди имзошуда, давлати Тоҷикистон аз ин пас дар ҳавзаи гардишгарӣ бо Академия гардишгарии Анталия (Туркия) ва Анҷумани гардишгарии байналмилалӣ ва “Нешнл Ҷеографик” дар Англия ҳамкорӣ мекунад.

Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҷазби сармоя барои тавсеаи ҳавзаи гардишгарӣ ва зерсохтҳои тафреҳии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш бар афзоиши ҳимояти давлати Тоҷикистон аз ҳавзаи гардишгарӣ ва саноеи дастӣ таъкид шуд.

 

Барчасп