Август 10, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии Эрон ва Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири маориф ва илми ин кишвар дар Душанбе дидор ва бар зарурати густариши ҳамкориҳои илмиву омӯзишӣ таъкид карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин дидор Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон аз омодагии Теҳрон барои пазириши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар, табодули таҷоруби устодон ва фароҳам кардани заминаи дифои рисолаҳои доктории донишомӯхтагони эронӣ дар шӯроҳои дифои рисолоти илмии Тоҷикистон хабар дод.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар баргузории барномаҳои муштараки илмиву омӯзишӣ ва интишори китобҳои дарсӣ барои донишгоҳҳо ва мактабҳои ду кишвар гуфт: Теҳрон омодааст то дастовардҳои илмии донишмандони эрониро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам дар ин дидор гуфт, Тоҷикистон тамоюл дорад, ки донишҷӯёни тоҷик битавонанд дар донишгоҳҳои Эрон дар риштаҳое таҳсил кунанд, ки дар марокизи омӯзишии ин кишвар тадрис намешавад.

Ин мақоми тоҷикистонӣ табодули таҷрибаи устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Эронро аз дигар мавзӯоти муҳим дар густариши ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии Теҳрон ва Душанбе унвон кард.

Ду тараф дар ин дидор таъкид карданд, ки барои густаришт ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишӣ миёнт Эрон ва Тоҷикистон ҳамат талошт худро ба кор хоҳанд баст.

 

 

Барчасп