Август 11, 2019 11:57 Asia/Dushanbe
  • Музейи таърихии мардуми тоҷик дар шаҳри Оренбурги Русия ифтитоҳ мешавад

Раиси Созмони тоҷикони муқими шаҳри Оренбурги Русия гуфт, музейи таърихии мардуми тоҷик ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Толиб Баротов ин матлабро дар дидор бо Шамсуддин Один Орумбекзода вазири фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе унвон кардааст.

Вай гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо иҷозатномаи шаҳрдории Оренбург сохти бинои ин музей оғоз шудааст ва дар соли 2020 ифтитоҳ хоҳад шуд.

Раиси Созмони тоҷикони муқими шаҳри Оренбурги Русия ҳадаф аз ин иқдомро ошноии тоҷикони муқими ин шаҳр бо таърих ва фарҳанги худашон унвон кардааст, то пайванди онон бо Тоҷикистон ҳифз шавад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Оренбурги Русия 12 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, ки ҳамасола ба теъдоди онон афзуда мешавад.

Ҳамчунин наздик ба 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола барои кори мавсумӣ ба ин шаҳр меоянд.

Созмони тоҷикони муқими шаҳри Оренбурги Русия рӯзномае бо унвони Суғдиён низ мунташир мекунад. Аз сӯи дигар ин созмон ба интишори китоби "тоҷикони муқими Оренбург" иқдом карда ва ҷилди севвуми ин китоб низ омодаи чоп шудааст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо истиқбол аз иқдомоти фарҳангии Созмони тоҷикони муқими шаҳри Оренбурги Русия омодагии ин вазоратро барои ҳамкорӣ ва кумак ба ин созмон эълом кард.