Август 15, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 272 ҳазор тон сузишворӣ ба Тоҷикистон тайи ҳафт моҳи имсол

Тайи ҳафт моҳи имсол 272 ҳазор тон сузишворӣ ба арзиши молии 113 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин нишондод дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш афзоиш нишон медиҳад, ки наздик ба 13 ҳазор тон маҳсулоти нафтии бештар ворид шудааст.

 Асоси маҳсулоти нафтии воридотии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия таъмин мешавад.

 Ҳамчунин Туркманистон ва Қазоқистон низ ба миқдори камтаре бензин ва солярка ба Тоҷикистон содирот доранд. Дар ҳоли ҳозир нархи як тон сузишвории воридотӣ ба Тоҷикистон 414 доллар эълом шудааст.

 Дар Тоҷикстон ба далели вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ ва набуди истихроҷи ин ду навъ сузишворӣ бахши асосии сузишвории мавриди ниёзи ин кишвар аз тариқи воридот таъмин мешавад.

 

Барчасп