Табдил шудани сохтмони мадрасаи динии ноҳияи Ховалинг ба омӯзишгоҳи мусиқӣ
(last modified Sat, 17 Aug 2019 06:09:01 GMT )
Август 17, 2019 11:09 Asia/Dushanbe
  • Табдил шудани сохтмони мадрасаи динии ноҳияи Ховалинг ба омӯзишгоҳи мусиқӣ

Сохтмони мадрасаи динии ноҳияи Ховалинг ба омӯзишгоҳи мусиқӣ табдил шуд.

Мақомоти давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг сохтмони мадрасаи қадимии улуми исломиро ба омӯзишгоҳи мусиқӣ табдил карданд.

 Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Парвиз Акрамзода раиси ноҳияи Ховалинг гуфт; ки сохтмони мадрасаи қадимии улуми исломие,ки дар канори масҷиди Ҷомеъи ин минтақа воқеъ шуда буд, ба омӯзишгоҳи мусиқӣ табдил шуд.

Ин мадраса аз қарни 19 фаъолият мекард ва дар даврони ҳукумати Шӯравӣ баста шуда буд. Дар соли 1998 ба дархости мусалмонони ноҳияи Ховалинг бо муҷавизи ҳукумати Тоҷикистон дубора дари ин мадраса бар рӯйи донишомӯзони улуми исломӣ боз шуд, аммо дар соли 2013 ба дастури мақомоти умури динии шаҳри Кулоб танҳо мадрасаи исломӣ дар ин минтақа дубора баста шуд. Аз соли 2016 дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ мадрасаи омӯзиши улуми исломӣ фаъолият намекунад. Мақомоти ҳукуматӣ дар ин маврид мегуянд,ки ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз гароиши ҷавононамон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон барои омӯзиши улуми исломии бемуҷавиз метавонанд афродро аз 5 то 12 сол ба зиндон маҳкум кунанд.