Июл 21, 2016 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои русӣ маҳсӯлоти кишоварзии Тоҷикистонро харидорӣ намекунанд

Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз амал накардани ширкатҳои Русия ба тааҳҳудоти худ, дар заминаи хариди маҳсӯлоти кишоварзӣ аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Иззатуллоҳ Сатторӣ гуфт, бар асоси тавофуқи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия қарор буд, ширкатҳои русӣ, иқдом ба хариди умдаи маҳсӯлоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон кунанд, ки ин иттифоқ наафтодааст.

Ин мақоми давлатии Тоҷикистон, далоили худдории ширкатҳои русӣ аз хариди маҳсӯлоти кишоварзӣ аз ин кишварро баён накард.

Аз дидгоҳи вай, ширкатҳои русӣ барои хариди пиёз ва картошка аз Тоҷикистон мебоист дар авоили баҳор иқдом мекарданд, ки ба  тааҳҳудоти худ амал накарданд.

Хонум Ҷамила Саидова- муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон муътақид аст, далели харидорӣ нашудани маҳсӯлоти кишоварзии Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои русӣ, ба мавзӯи ҳаҷм ва кайфияти ин маҳсӯлот иртибот дорад, зеро ширкати фурушгоҳҳои занҷираии Русия мавсӯм ба "Магнит", хостори хариди маҳсӯлоти кишоварзии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёд ва бо кайфияти боло мебошад, ки дар ин замина наметавон супориши тарафи русиро иҷро кард.

Ба назари Саидова, танҳо 5 то 10 дарсад аз маҳсӯлоти кишоварзии Тоҷикистон аз нигоҳи кайфиятӣ ба стандартҳои содиротӣ наздик ҳастанд.

Гуфтанист, дар замони имзои тавофуқномаи афзоиши содироти маҳсӯлоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия, теъдоде аз коршиносони тоҷик гуфта буданд, ки ин амр ба далели тавони поини ин бахш, фарсӯдагии мошинолот, гаронии қимати сӯхт ва тамоюл надоштани  мардум барои фаъолият дар бахши кишоварзии ин кишвар, имконпазир нест.

Бар асоси гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ин кишвар беш аз 700 ҳазор тон анвоъи маҳсӯлоти кишоварзӣ содир шудааст.

Барчасп