Август 19, 2019 09:33 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи навтаъсиси Дунёи нав, дар остонаи варшикастагӣ

Вазири санойеъ ва фановариҳои навини Тоҷикистон тавзиҳоте дар бораи вазъияти варшикастагии корхонаи дузандагии мавсум ба Дунёи нав ироа дод.

Ба нақл аз сомонаи нашрияи Ҷумҳурият, Заробиддин Файзуллоҳзода дар посух ба матлаби ин нашрия,ки далели варшикастшудани корхонаи дузандагии Дунёи навро ҷӯё шудааст мегуяд, ба фуруш нарафтани маҳсулот муҷиби эҷоди ин вазъи ногувор дар ин марказ шудааст.

 Ба навиштаи нашрияи Ҷумҳурият, ин корхона дар соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадсаид Абдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд,ки дар оғоз 500 коргар дошт.

Корхонаи дузандагии Дунёи нав, бо сармоягузории беш аз 13 миллион сомонӣ аз сӯи Аваз Кабиров мудири бозори Султони Кабири шаҳри Душанбе сохта шуд ва барои 500 нафар заминаи иштиғолро фароҳам кард.

 Аммо вазири санойеъ ва фановариҳои навини Тоҷикистон гуфтааст таи шашмоҳи нахусти соли ҷорӣ ин марказ,ки танҳо ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид кардааст акнун дар ҳоли варшикаст шудан қарор дорад ва аз 500 коргари он 50 нафар боқӣ мондаанд.

Аз дидгоҳиЗаробиддин Файзуллоҳзода танҳо роҳи наҷоти ин корхона барои хуруҷ аз буҳрони вазъи ногувори феълӣ, гирифтани супориш барои духти либос аст.