Афзоиши қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46048-Афзоиши_қимати_билети_ҳавопаймо_аз_Тоҷикистон_ба_Русия
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз афзоиши қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 20, 2019 15:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз афзоиши қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод.

Ба гузориш сомонаи “ТорTJ”, ин ширкат эълом кардааст, ки аз рӯзи 19 августи соли ҷорӣ қимати билет барои як мусофир дар масири Душанбе ба Маскав 4 ҳазору 200 сомонӣ (муодили 400 доллар) хоҳад буд.

Дар ғурфаҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе далели афзоиши қиматҳоро зиёд будани теъдоди довталабони сафар ба Русия ва бавижа донишҷӯёни тоҷик унвон мекунанд, ки дар остонаи оғози соли таҳсили ҷадид ба Русия мераванд. Ин дар ҳолест , ки дар моҳи июли соли ҷорӣ қимати билет барои як мусофир дар масири Душанбе ба Москав ду ҳазору 500 сомонӣ буд.

Бо ин ҳол, раиси Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон муътақид аст, далели аслии гаронии қимати билети ҳавопаймо дар ин кишвар нархи сӯхти воридотӣ аст. Икром Субҳонзода гуфтааст, дар Тоҷикистон 45 дарсади қимати билети ҳавопаймо бар асоси нархи сӯхти воридотӣ таъйин мешавад, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

Гаронии қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон мӯҷиб мешавад, коргарони муҳоҷири ин кишвар сафар ба Русияро аз тариқи Узбакистон ва Қирғизистон тарҷеҳ диҳанд, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон арзонтар мебошад.