Август 21, 2019 08:40 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли мамнӯияти содироти мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо

Мақомоти Дания эълом карданд, мавзӯи мамнӯияти воридоти мева ва сабзиҷот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро матраҳ хоҳанд кард.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week,  иллати ин иқдом миқдори зиёди нуриҳои минералӣ дар таркиби мева ва сабзиҷоти содиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо унвон мешавад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, мева ва сабзиҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ умдатан аз қаламрави Украина ба Иттиҳодияи Аврупо мунтақил мешавад, ки натоиҷи озмоишҳо нишон медиҳад, дар таркиби ин маҳсулот нитрати беш аз ҳадди муҷоз вуҷуд дорад.

Дар ҳоли ҳозир анвои мева ва хушкбору сабзиҷот аз Тоҷикистон ба Украина содир мешавад, ки бахше аз ин маҳсулот ба Иттиҳодияи Аврупо низ мунтақил мешавад. Аммо дар бораи истифодаи беш аз ҳадди муҷози нуриҳои маъданӣ дар таркиби меваи Тоҷикистон аз муддатҳо қабл низ нигарониҳое матраҳ шудааст.

Чунончи дар моҳи июни соли ҷорӣ Қолис Ҷумъахонов, мудири Идораи назорат бар амнияти ғизоии Қирғизистон ба ҳукумати кишвараш хабар дода буд, ки дар таркиби харбуза ва тарбузи воридотии Тоҷикистон ва Узбакистон истифодаи беш аз ҳадди муҷози нуриҳои маъданӣ мушоҳида шудааст.