Август 21, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Фуруди изтирории ҳавопаймои Душанбе - Маскав дар Оренбург

Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати “Хутути ҳавоии Урал” - и Русия, ки субҳи 21 -уми август аз шаҳри Душанбе ба мақсади Маскав парвоз карда буд, дар фурудгоҳи шаҳри Оренбург фуруди изтирорӣ анҷом дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, мақомоти ширкати ҳавопаймоии кишварии Русия иллати ин фуруди изтирориро номусоид будани ҳоли духтари 13 солае дар дохили ҳавопаймо эълом кардаанд, ки дучори норасоии қалбӣ будааст.

Пас аз кумаки аввалияи пизишкон ба ин мусофир, ҳавопаймо бо 216 сарнишин сафари худро ба Маскав аз сар гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса додситонии шаҳри Оренбург бар асоси қонунҳои Русия таҳқиқотеро дар бораи “риояти ҳуқуқи мусофирон” дар парвози Душанбе ба Маскав ва фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбарии ширкати “Хутути ҳавоии Урал” оғоз кардааст.

 

Барчасп