Август 24, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозсозии нерӯгоҳи барқ обии Қайроқум бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон бозсозии нерӯгоҳи барқ обии Қайрокум оғоз шуд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд рӯз аст барои ифтитоҳи чанд тарҳи санъатӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дар шимоли Тоҷикистон ба сар мебарад дастури бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи барқ обии Қайроқумро содир кард.

Бо иҷрои ин барнома, ки дар соли 2023 ба поён мерасад зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегавати феълӣ ба 174 мегават хоҳад расид.

Барои бозсозии ин нерӯгоҳ 196 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд, ки бахши умдаи онро Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъмин мекунад.

Ин маблағ барои таъвизи шаш турбини нерӯгоҳи барқ обии Қайроқум, ки 62 сол пеш барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Узбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон руи рӯдхонаи Сир сохта шудааст, ҳазина хоҳад шуд.

Дар соли 2016 шаҳри Қайроқум ба Гулистон тағйири ном дод ва садди нерӯгоҳи воқеъ дар канори ин шаҳр низ Баҳри тоҷик номгузорӣ шуд.

Дар раванди такмили бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи барқ обии Қайроқум се ширкат аз Спания, Фаронса ва Швейтсария мушорикат хоҳанд кард.