Август 24, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳаводиси ғайримунтазира

Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи пешгирӣ аз осебҳои иборат аз ҳаводиси ғайримунтазира ҳамкорӣ мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, бар асоси санади ҳамкории дуҷониба, ки дар Душанбе имзо шуд, имдодгарони тоҷик ва афғон аз ин пас метавонанд дар минтақаҳои ҳодисадидаи ду кишвар ҳозир шаванд.

Рустам Назарзода афзуд, бар асоси ин тавофуқнома, имдодгарони тоҷик танҳо метавонанд ба манотиқи ҳодисадидае эъзом шаванд, ки зери назорати сохторҳои давлатии Афғонистон аст.

Манотиқи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамвора шоҳиди ҳаводиси табиӣ, аз ҷумла сел ва рониши замин аст.

Ду соли пеш селобе, ки аз рӯдхонаҳои Афғонистон ба сӯи шаҳрҳои муҳими ҷануби Тоҷикистон ҷорӣ шуд, хисороти фаровоне ба таъсисоти зербиноии ин кишвар ворид кард.

 

Барчасп