Нуҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе, сентиябр баргузор мешавад
(last modified Mon, 26 Aug 2019 03:42:50 GMT )
Август 26, 2019 08:42 Asia/Dushanbe
  • Нуҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе, сентиябр баргузор мешавад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории нуҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе таи рӯзҳои 4 то 6 и сентиябри соли ҷорӣ хабар дод.

 Ба нақл аз хабаргзории давлатии Ховар, Абдулфатоҳ Мираҳмадов дабири нуҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе гуфт, барои ширкат дар ин намоишгоҳ аз 50 ношир аз кишварҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳон даъват шудааст то маҳсулоти худро дар маърази диди дӯстдорони китоб қарор диҳанд.

Вай таъкид кардааст,ки дар ҳошияи ин намоишгоҳ, ҳамоиши байналмиллалӣ бо унвони рушди интишори китоб дар Тоҷикистон дар даврони истиқлоли ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин интихоби беҳтарин ношир, беҳтарин китоб дар бораи Тоҷикистон ва беҳтарин нависанда дар назар аст.

Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе ҳама сола аз соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.