Август 28, 2019 08:54 Asia/Dushanbe
  • Бахши умдаи манобеи молии буҷаи соли 2020 барои нерӯгоҳи

Бахши манобеи молии буҷаи соли 2020 дар заминаи энергетика барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳазина хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар тарҳи буҷаи соли 2020 давлати ин кишвар 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ (муодили 410 миллион доллар) барои бахши энергетика ихтисос хоҳад ёфт, ки умдаи ин маблағ дар идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳазина хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон дар соли 2019 хатти 500 киловатӣ аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба шаҳри Душанбе бо ҳазинаи 745 миллион сомонӣ сохта шудааст ва тарҳи идомаи сохти хутути интиқоли барқ дар соли 2020 дар назар нест. 

Аз он ҷо, ки дигар барои сохти хутути фишори қавии интиқоли барқ дар соли 2020 ниёзе нест, аз ин ҳисоб манобеи молии бештаре ба такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ихтисос меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар тарҳи буҷаи давлати ин кишвар дар соли 2021 маблағи 5 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022 беш аз 6 миллиард сомонӣ манобеи молӣ дар назар гирифтааст.