Август 28, 2019 09:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон корхонаи бастабандии оби

Раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи бастабандии оби мавсум ба "Сиёма"-ро дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, ин корхона аз зарфияти бастабандии 33 миллион литр об дар сол бархӯрдор аст, ки бо таҷҳизоти сохти Фаронса фаъолият мекунад.

Ин корхона, ки бо ҳамкории мутахассисони Аргентина, Италия, Испания, Покистон, Ҷумҳурии Чехия, Русия, Фаронса, Мексика ва Серобия роҳандозӣ шудааст, заминаи тавлиди обҳои маъдании газдор ва бидуни газро низ фароҳам месозад.

Оби мавриди ниёзи ин корхона аз рӯдхонаи Сиёма, воқеъ дар 55 километрии шимоли шаҳри Душанбе аз ноҳияи Варзоб таъмин мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар корхонаи бастабандии оби "Сиёма" 100 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе, ки давраҳои омӯзиширо сипарӣ кардаанд, ба ҳамроҳи 25 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.