Қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Wed, 28 Aug 2019 10:50:03 GMT )
Август 28, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Парвози ҳавопаймоҳо аз маркази Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти кӯҳистони Бадахшон, дар шарқи ин кишвар қатъ шудааст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, аз соли 2017 ба ин тараф ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик -Эйр” парвоз дар масири Душанбе ба Хоруғро мутаваққиф кардаанд. Танҳо василаи парвоз дар ин масири кӯҳистонӣ болгардҳои Бунёди Оқохон аст, ки посухгӯи тақозои анбӯҳи мусофирон барои сафар ба ин вилояти дурафтодаи Тоҷикистон нест.

Аммо аз моҳи июни имсол созмони байналмилалии “Pactec International” парвоз дар масири Фахробод (дар наздикии Душанбе) ба Хоруғро роҳандозӣ кард, ки акнун он ҳам таътил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки сафар аз роҳи заминӣ ба вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон мушкилот ва хатароти фаровонеро ба ҳамроҳ дорад, ки ношӣ аз тӯлонӣ ва кӯҳистонӣ будани ин масир аст.

Дар даврони қабл аз истиқлоли Тоҷикистон ҳамарӯза 16 парвози дохилӣ ва хориҷӣ аз тариқи фурудгоҳи Хоруғ анҷом мешуд.