Сентябр 05, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши зарфияти тавлиди барқ дар даврони истиқлоли Тоҷикистон

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз афзоиши 1 миллиарду 500 мегаватт зарфияти тавлиди барқ дар даврони истиқлоли ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Усмоналӣ Усмонзода гуфтааст, тайи 28 соли истиқлоли ин кишвар ду нерӯгоҳи “Сангтӯда -1” ва “Сангтӯда -2”, маркази гармоишӣ ва тавлиди барқи Душанбе ва чанди нерӯгоҳи хурди обӣ ба баҳрабардорӣ расида, ки заминаи афзоиши 1 миллиарду 500 мегаватт зарфияти тавлиди барқ дар Тоҷикистонро фароҳам сохтааст.

Ба гуфта вай, тайи ин муддат нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” бо зарфияти тавлиди 670 мегаватт, “Сангтӯда -2” бо зарфияти тавлиди 220 мегаватт, маркази гармоишӣ ва тавлиди барқи Душанбе бо зарфияти 400 мегаватт ва нерӯгоҳҳои обии хурд бо зарфияти 30 мегаватт ба баҳрабардорӣ расида ва иртиқои тавони тавлиди барқи бештар пас аз бозсозии чанд нерӯгоҳи қадимӣ боиси беҳбуди таъмини кишвар бо барқ ва содироти он ба хориҷ шудааст.

Дар чорчӯби ин барнома то ба имрӯз таъвизи турбинаҳои нерӯгоҳҳои обии “Варзоб -1”, марказӣ, “Сарбанд” ва “Помир-1” ва Помир-2” иҷро шуда, ки заминаи афзоиши тавлиди барқ дар ин марокизро фароҳам сохтааст.

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон тавлиди солонаи барқ ба 19 миллиард киловатт соат расонда хоҳад шуд, ки наздик ба 2,5 миллиард киловатт соат ба хориҷ содир хоҳад шуд.

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки то соли 2030 зарфияти тавлиди барқ дар ин кишвар ба 10 ҳазор мегаватт хоҳад расид, ки ин ҷумҳуриро ба бузургтарин содиркунандаи ин навъи энержӣ дар минтақа табдил хоҳад кард. Барои ин манзур, баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи обии “Роғун”, сохти се нерӯгоҳи нави “Себзор”, “Санобод”, “Шӯробод” ва бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” барномарезӣ шудааст.