Коршиноси тоҷик: Эрон наздиктарин дӯсти Тоҷикистон аст
Коршиноси тоҷик гуфт, Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ҳеч дӯсте, ки дар амал наздиктар аз Эрон бошад, надорад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси тоҷик дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Форс" бо ишора ба аҳамияти ҳифзи равобити наздик миёни Душанбеву Теҳрон афзуд: "Ман бар ин бовар ҳастам, ки ҳатто дар шароити мавҷуд низ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳеч дӯсте? ки дар амал наздиктар аз Эрон бошад, надорад".
Ин коршиноси тоҷик гуфт, агар барои Душанбе мушкили хосе рух диҳад, ин Теҳрон хоҳад буд, ки зудтар аз дигарон ба кӯмаки ин кишвар хоҳад омад.
Умаров тасреҳ кард, ин мавзӯъ беш аз ҳама ба муштаракоти ду кишвар дар ҳавзаҳои торихӣ, тамаддунӣ ва фарҳангӣ бармегардад, зеро Тоҷикистону Эрон он қадар мафохири муштарак доранд, ки ин вижагии мунҳасир ба фардро наметавон дар мавриди кишвари дигаре мушоҳида кард.
Ин коршиноси тоҷик бо таъкид бар зарурати тағйири вазъияти равобит миёни Душанбеву Теҳрон таъкид кард: "Идомаи вазъияти мавҷуди равобит ба нафъи бархе аз кишварҳост, ки дӯстии Тоҷикистону Эронро намехоҳанд ва бояд дар назар дошт, ки ин кишварҳо ҳечгоҳе наметавонанд ҷойгузини Эрон бошанд".
Ин соҳибназари тоҷик таъкид кард: "Мутаассифона, бахше аз рӯҳониёни тоҷик, ки дар торихи кишвари мо нақши сиёсии манфӣ доштаанд, ба дунболи сӯиистифода аз ин вазъият баромадаанд, ки ин мавзӯъ боиси рушди ифротгароӣ дар Тоҷикистон шудааст".