Эътои медалҳои давлатӣ ба 42 нафар аз коргарон ва муҳандисони нерӯгоҳи “Роғун”
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи бистуҳаштумин солгарди истиқлоли ин кишвар ва баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми нерӯгоҳи “Роғун” имрӯз дар кохи “Миллат” –и шаҳри Душанбе ба 42 нафар аз коргарон ва муҳандисони ин нерӯгоҳ медалҳои давлатӣ эъто кард.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба наздик шудани рӯзи 9-уми сентябр - солгарди истиқлоли ин кишвар ва фароҳам шудани заминаи баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми нерӯгоҳи обии “Роғун”, аз заҳамоти коргарон ва муҳандисони ин нерӯгоҳ қадрдонӣ кард.
Вай бо табрики фаро расидани солгарди истиқлоли ин кишвар, баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми ин нерӯгоҳро рӯйдоди муҳиме дар раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ арзёбӣ кардааст.
Турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар моҳи ноябри соли 2018 пас аз 40 сол аз оғози сохти ин нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ расида буд.
Мақомоти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки турбинаи дувуми ин ниругоҳ ҳамакнун ба шакли озмоишӣ фаъолият мекунад ва нуҳуми сентябр, ҳамзамон бо солгарди истиқлоли ин кишвар, бо ҳузури масъулони ҳукуматӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ дар маросиме ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обии минтақа аст.
Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқи ин кишвар ба хориҷ низ афзоиш меёбад.
Коршиносон мегӯянд, сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.