Сентябр 07, 2019 09:06 Asia/Dushanbe
  • Таъсири Чин бар иқтисоди Тоҷикистон

Мудири маркази пажуҳишҳои сиёсӣ ва иқтисодии Русия муътақид аст яке аз далелҳои умдаи рушд наёфтани иқтисод ва бозори тиҷорати дохилии Тоҷикистон вобастагии иқтисоди ин кишвар ба Чин аст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Владимир Калтошов гуфтааст; таваҷуҳи Тоҷикистон ба истихроҷ ва фуруши маъданҳои ин кишвар ба Чин афзоиш ёфта ва рушди иқтисод ва бозори тиҷорати дохилии Тоҷикистонро ба ақиб андохтааст.

Ба гуфтаи ин коршиноси рус, бахши умдаи маъданҳои Тоҷикистон ба шакли хом ва Чин содир ва дар қолаби маҳсулоти дубора ба Тоҷикистон ворид мешавад,ки қимати он чанд баробар қиматтар аз тарози маводи хоми содиротӣ аст.

Вай камбуди иштиғол ва афзоиши фақр дар Тоҷикистонро аз паёмадҳои ин барнома дониста ва гуфтааст яке аз роҳҳои ислоҳи ин вазъ ва коҳиши хомфурушӣ, тадвини барномаи рушди санойеъи бофандагӣ дар Тоҷикистон аст,ки муҷиби пешгирӣ аз содироти нархи пахта ва беҳбуди авзоъи иқтисодии ин кишвар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи ин таҳлилгари рус, бозори дохилии Тоҷикистон пур аз маҳсулоти чинӣ аст,ки заминаи иштиғолзоӣ дар ин кишварро аз байн бурдааст.

Аммо Чин бо интиқоли маъданҳои Тоҷикистон дар дохил барои атбоъи худ иштиғолзоӣ мекунад ва заминаи афзоиши содироти маҳсулотро низ фароҳам месозад.

Мудири маркази пажуҳишҳои сиёсӣ ва иқтисодии Русия яке дигар аз роҳҳои коҳиши вобастагии Тоҷикистон ба Чин ва ислоҳи барномаи хомфуруширо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё медонад,ки метавонад заминаи иштиғолзоӣ барои тоҷикон дар дохили кишварашонро фароҳам созад.