Сентябр 08, 2019 09:15 Asia/Dushanbe
  • Роҳҳои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон

Мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъият дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ки барои бозпардохти беҳтари қарзи хориҷии ин кишвар бояд тавозун миёни мизони сармоягузории молӣ ва қарзи хориҷӣ тағйир кунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба қарзи ҳудуди 3 миллиёрддолларии хориҷии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ гуфт:Яке аз роҳҳои матлуб дар ин замина додани имтиёзи бештар ба сармоягузорони хориҷӣ аст, барои инки онон битавонанд ҳузури тӯлонӣ дар ин кишвар дошта бошанд.

 Мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъият дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт :Бозпардохти қарзҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷаи ҳукумат хоҳад буд ва бояд ҳам тавозун миёни сармоягузории молӣ ва қарзи хориҷии Тоҷикистон тағйир кунад, ки мӯҷиб мешавад содирот афзоиш ва воридот камтар шавад,аз ин рӯ бо вуруди арз(асъор)и бештар бо афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ заминаи бозпардохти беҳтари қарзи хориҷӣ низ фароҳам хоҳад шуд, ки ба нафъи Тоҷикистон аст.

У идома дод :Аммо таҷрибаи бозпардохти қарзи хориҷӣ аз ҳисоби вогузории конҳое назири тилло ба хориҷиён, ки дар бархе аз кишварҳои африқоӣ роиҷ аст набояд дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад. Ба ин далел, ки ин равиш ғайримантиқӣ, ғайрииқтисодӣ ва ғайри қобили пазириш мебошад, ки дороиҳои кишварро ҳадар медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар фаротар хоҳад рафт