Сентябр 09, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи чархаи дувуми нерӯгоҳи “Роғун” бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон чархаи дувуми нерӯгоҳи “Роғун”-ро ифтитоҳ кард.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин маросим мақомоти баландпояи Тоҷикистон, мардум ва дипломатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими баҳрабардорӣ аз чархаи дувуми “Роғун”, ин тарҳи азимро меваву самараи истиқлол номид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз тамоми онҳое, ки дар сохти нерӯгоҳи “Роғун” ширкат доштанд, ташаккур кард.

Чархаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун” рӯзи 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расида буд.

Оғози тарроҳӣ ва сохти нерӯгоҳи “Роғун” ба замони Шӯравӣ бармегардад. Аммо ба иллати фурӯпошии Шӯравӣ, вуқӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва мухолифатҳои Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон, кори сохти нерӯгоҳи “Роғун” таътил шуд.

Дар ниҳоят бо талоши Ҳукумати Тоҷикистон ва мусоидати ширкатҳои хориҷӣ ду фози нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” роҳандозӣ шуд.

Аз ҷумлаи ин ширкатҳо 8 ширкат аз Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки дар нерӯгоҳи “Роғун” фаъол ҳастанд.

 

Барчасп