Афзоиши 27 дарсадии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46615-Афзоиши_27_дарсадии_сафари_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_ба_Русия
Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз афзоиши 27 дарсадии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия таи шаш моҳи имсол хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 11, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 27 дарсадии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз афзоиши 27 дарсадии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия таи шаш моҳи имсол хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Tajik Te, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки таи моҳҳои январ то июли соли ҷорӣ беш аз 357 ҳазор нафар атбои ин кишвар барои кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 27 дарсад афзиш нишон медиҳад.

Ин мақомот далели афзоиши сафари атбои Тоҷикистон ба Русия барои корро дар соли ҷорӣ беҳбуди шароити кори коргарони муҳоҷири хориҷӣ, фароҳам шудани заминаи дифоъ аз ҳуқуқи ин афрод ва афзоиши нисбии суръати рушди иқтисоди ин кишвар унвон кардаанд.

Аммо расонаҳои Русия бо истинод ба гузориши Хадамоти марзбонии ин кишвар аз сафари 524 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон ба Русия барои кор таи шаш моҳи нахусти исмсол хабар додаанд, ки бо омори тарафи Тоҷикистон ҳамхонӣ надорад.

Тарафи Русия мӯътақид аст, ки ин омор саҳеҳ аст ва атбои тоҷик ҳангоми убур аз марзи ин кишвар ҳадаф аз сафари худ ба Русияро "кор" унвон кардаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Русия дар ҳоли ҳозир 1 миллиону 200 ҳазор нафар атбои Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия бо муҷаввизи расмӣ фаъолият мекунанд.