Сентябр 12, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пешрафтҳо ва мушкилоти шаҳри Кӯлоб дар сухронии раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Кӯлоб зимни сухронӣ ба муносибати бистуҳаштумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ба бархе аз пешрафтҳо ва мушкилоти ин шаҳр ишора кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханронӣ ибтидо ба таъриху фарҳанги куҳани шаҳри Кӯлоб ишора кард ва гуфт, ки ҳамин масъала боиси сукунати орифи номӣ - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин шаҳр шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Кӯлобро хостгоҳи либоси маҳаллии занонаи мавсум ба “чакан” ва мусиқии “фалак” донист, ки ба сабти ҷаҳонӣ расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, Кӯлоб дар даврони истиқлол рушду пешрафти қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар айни ҳол ба бархе аз мушкилоти мавҷуд ишора кард, ки муҳимтарини онҳо камбуди оби ошомиданӣ ва фарсудагии роҳҳо аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш ва дар барномаҳои таҷлил ба муносибати солгарди истиқлоли ин кишвар, дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ба сар мебарад. Вай тайи рӯзҳои гузашта дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон даҳҳо тарҳи умронӣ ва фарҳангиро ифтитоҳ кард.

 

Барчасп