Сентябр 14, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Надоштани манфиати иқтисодии кишти пахта барои кишоварзони Тоҷикистон

Бештари кишоварзони Тоҷикистон муътақиданд, ки кишти пахта ҳеҷ суди молӣ барои онон надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар замони бардошти пахта дар соли ҷорӣ ширкатҳои даллол ва теъдоде аз корхонаҳои фароварии пахта ба кишоварзон қимати 3 сомониву 70 дирам то 4 сомониву 30 дирам барои ҳар кило аз ин маҳсулро пешниҳод мекунанд, ки ба зиёни ин афрод аст.

Зеро тайи панҷ соли ахир қимати як литр сухти дизелӣ дар Тоҷикистон аз 5 сомонӣ ба 8 сомонӣ афзоиш ёфта, вале нархи хариди ҳар кило пахта аз кишоварзон тайи ин муддат аз 6 сомониву 50 дирам ба 4 сомонӣ коҳиш ёфта, ки ҳазинаи кишту бардошти ин маҳсулро ҷуброн намекунад. Ба ин далел, ки ҳазинаи кишту бардошти пахта аз як гектар замин барои кишоварзон 15 ҳазор сомонӣ аст, ки бо қимати хариди пешниҳодии феълӣ ба онон 12 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад, ки ҳеҷ тавҷеҳи иқтисодӣ надорад.

Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки бояд қимати хариди ҳар кило пахта аз кишоварзон байни 6 то 7 сомонӣ бошад, ки ин афрод зарар накунанд.

Коршиносон муътақиданд, ки агар давлат дар заминаи қимати сӯхт, нуриҳои минералӣ, оби мавриди ниёзи кишоварзон ёронаи молӣ пардохт кунад, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, метавон ба судовар шудани кишту бардошти пахта дар ин ҷумҳурӣ умедвор буд.