Эътирофи таъсири маблағҳои муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Sat, 24 Sep 2016 06:02:56 GMT )
Сентябр 24, 2016 11:02 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи таъсири маблағҳои муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъсири ногувори коҳиши мизони маблағҳоеро, ки муҳоҷирон мефиристоданд, ба иқтисоди ин кишвар эътироф кард.

Ба гузориши хабаргузории "Авесто", Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода ҳангоми ироаи гузориши "Ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё" дар Душанбе таъкид кард, яке аз манобеи муҳими рушди иқтисоди ин кишвар ва коҳиши фақр маблағҳое буданд, ки муҳоҷирон аз хориҷ ба Тоҷикистон мефиристоданд. Ӯ гуфт, соли 2015 мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон 6 дарсад буд ва маблағҳое, ки муҳоҷирон мефиристоданд, бо коҳиши 30-дарсадӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Аз дидгоҳи вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, иқтисоди ин кишвар дар баробари омилҳои хориҷӣ, аз ҷумла коҳиши мизони пуле, ки муҳоҷирон мефиристанд, осебпазир аст ва надоштани дастрасӣ ба обҳои озод низ мушкили дигаре дар идомаи буҳрони молии феълӣ мебошад.

Коҳиши даромади ирсолии муҳоҷирони Тоҷикистон аз беш аз 4 миллиард доллар дар соли 2014 ба 1 миллиарду 200 миллион доллар дар соли 2015 мӯҷиби ошуфтагӣ дар иқтисоду бозори дохилии ин кишвар шуд. Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия аз коҳиши 14-дарсадии мизони пули муҳоҷирон, ки ба Тоҷикистон фиристода мешавад, тайи шаши моҳи аввали соли ҷорӣ хабар додааст.

Ахиран, Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё созишномаи ҳамкории стратегии  панҷсоларо имзо карданд. Мақомоти Бонки Рушди Осиё мегӯянд, ки аз соли 1998 то ҳол барои коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 400 миллион доллар масраф кардаанд.