Воми 10 миллион евроии Олмон барои тавсеаи кишоварзии Тоҷикистон
(last modified Fri, 20 Sep 2019 13:46:08 GMT )
Сентябр 20, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • Воми 10 миллион евроии Олмон барои тавсеаи кишоварзии Тоҷикистон

Як бонки олмонӣ барои тавсеаи проектҳои кишоварзӣ, ба Тоҷикистон 10 миллион евро вом медиҳад. 

Ба гузориши "Форс", Бонки тавсеаи Олмон барои тавсеаи проекте дар заминаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион евро ихтисос медиҳад. Тавофуқнома дар ин замина тавассути Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Андрис Шнайдер, раиси дафтари Бонки тавсеа иОлмон ба имзо расидааст. Ҳаҷми сармоягузории Бонки олмонӣ 9.6 миллион евро ва проекти мазкур барои тавсеаи бахши кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Санади мазкур бар асоси тавофуқномаи қаблӣ миёни давлати Тоҷикистон ва Олмон дар заминаи ҳамкориҳои молӣ миёни 2 кишвар ба имзо расидааст.