Сентябр 21, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон метавонад ба содиркунандаи умдаи барқ табдил шавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар барои содироти барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарфияти фаровоне дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Усмоналӣ Усмонзода дар ҳамоиши сармоягузорӣ барои рушди бахши энергетика гуфтааст, ки дар сурати фароҳам шудани заминаи азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад миллиардҳо киловатт/соат барқ ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Вай гуфт: Дар соли 2019 ба далели набуди хутути интиқол барои барқи тавлидшудаи мозод дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ин кишвар маҷбур шуд пушти садди нерӯгоҳҳоро раҳо кунад, ки ин мавзӯъ сабаби ҳадар рафтани 10 миллиард киловатт/соат барқ шуд.

Ба гуфтаи Усмонзода дар ду соли ахир Тоҷикистон ба водии Фарғона дар Узбакистон ва дар фасли тобистон ба Афғонистон барқ содир карда, ҳамчунин барои интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи Хатти интиқоли CASA - 100 барномарезӣ шудааст, ки бастагӣ ба иҷрои ин тарҳ дорад.

 

Барчасп