Сентябр 22, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия ва шумори коргарони муҳоҷир дар ин кишвар

Роҳбари Иттиҳодияи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия чунин мешуморад, ки осонсозии гирифтани шаҳрвандии Русия ба афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар кумаке нахоҳад кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи шабакаи телевизиюнии НСН,Ренат Каримов бо ишора ба изои қонуни “ Осонсозии раванди дарёфти шаҳрвандии Русия” аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар барои муттахассисони хориҷӣ, ки аз се сол ба як сол коҳиш дода шуда, гуфта аст,ки ин муқаррарот заминаи афзоиши миқдори муҳоҷиринро фароҳам намекунад.
 Албатта манзури Владимир Путин ҷалби коргарони баландихтисоси хориҷӣ буда,ки ба Русия барои муҳоҷирати корӣ меоянд, вале мутаассифона шумори онҳо камтар аст.
Бар асоси қонуни нав он шумор аз  муҳоҷирини хориҷӣ, ки мавриди ниёзи иқтисоди Русия ҳастанд,шомили ин муқаррарот мешаванд ва пас аз як соли фаъолият метавонанд барои гирифтани шаҳрвандӣ дархост кунанд.  Ҳамчунин  бисёре аз муҳоҷирони кории хориҷӣ, ки солҳои дароз дар Русия кор мекунанд, барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳеҷ талоше намекунанд.
Владимир Путин,раисҷумҳури Русия  ахиран қонуни наверо дар бораи додани шаҳрвандӣ барои хориҷиён имзо кард, ки бар асоси он мутахассисон ва соҳибони маълумоти олӣ пас аз як соли кор ва истиқомат  метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост кунанд.
Пештар ин муддат се сол буд. Ин қонун аз 1 октябри соли равон иҷро мешавад.
Ҳамасола наздик ба 30,000 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд.