Таҷҳизи посгоҳҳои марзии Тоҷикистон ба фанновариҳои модерни Англия
(last modified Mon, 23 Sep 2019 12:41:41 GMT )
Сентябр 23, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи посгоҳҳои марзии Тоҷикистон ба фанновариҳои модерни Англия

Дар шаҳри Душанбе байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қӯшунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Бритониёи Кабир "Номаи ҳамкорӣ" ба имзо расидааст.

Ба гузориши Форс, Хуршед Каримизода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Меттю Лоусон, сафири Англия дар Душанбе дидору гуфтугу карданд. Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузорише, ҳадаф аз ин мулоқотро имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти марзбонии Департаменти вазорати кишвари Англия унвон кардааст. Дар ин нишаст ҳамчунин муовини аввали Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва кормандони Дабирхонаи нерӯҳои марзбонии Департаменти вазорати кишвари Англия ҳузур доштанд. Каримзода дар ин нишаст гуфт, Тоҷикистони тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад, ки болиғ бар якҳазору 344 километр аст. Бино бар суҳбатҳои вай, Тоҷикистон бо Қирғизистон 5, бо Узбакистон 17, Чин як ва Афғонистон 7 посгоҳи марзӣ дорад, ки барои таҷҳизи фаннии ин посгоҳҳо маболиғе дода мешавад. Вай гуфт, таҷҳизи комили ин посгоҳҳои марзӣ ба фанновариҳои модерн, омӯзиши кормандон, истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои тавсеъа ёфта, боиси тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа хоҳад шуд.  Дар чорчӯби ин нишаст тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни гумруки Тоҷикистон ва Дабирхонаи нерӯҳои марзбонии Департаменти вазорати кишвари Англия ба имзои расид. Санади мазкӯр таҷҳизи посгоҳҳои гумрукӣ дар фурӯдгоҳ ва марзҳо бо модернтарин фанновариҳои рӯзро пешбинӣ мекунад.