Даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамҳизбиҳояш барои омодагии ҳузур дар интихоботи порлумонии 2020
(last modified Sat, 28 Sep 2019 04:40:00 GMT )
Сентябр 28, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамҳизбиҳояш барои омодагии ҳузур дар интихоботи порлумонии 2020

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамҳизбиҳои худ хост, ки барои баргузории интихоботи порлумонии соли 2020 омода шаванд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раёсати ҳизби ҳокими халқӣ - демократиро дар Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, дар нишасти аъзои кумитаи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе хостори муаррифии номзадҳои шоиста барои мушорикат дар интихоботи порлумонии авоили соли 2020 шуд.

Вай омодагӣ ба баргузории як интихоботи шаффофу демократии порлумонӣ дар Тоҷикистонро аз авлавиятҳои муҳими ҳизби ҳокими ҳалқӣ - демократӣ дар ин кишвар унвон кард. Аз дидгоҳи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд афроде ба унвони номзад дар интихоботи порлумонии авоили соли 2020 аз сӯи ин ҳизб муаррифӣ шаванд, ки аз тавоноии ироаи тарҳи қонунҳои муҳим барои рушду пешрафти ин кишвар бархурдор бошанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ аст, ки аксари он дар ихтиёри аъзои ҳизби ҳоким қарор дорад.

Дар ин нишаст ҳамчунин мавзӯи омодагӣ ба баргузории конгресси ҳизби халқӣ – демократӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.