Мусоҳиба: Порае ҷудомонда аз Эрони бузург
Рӯзномаи "Шаҳроро" бо Ҳошим Холов, нависанда, рӯзноманигор ва таҳиякунандаи барнома дар радиои тоҷикии Садои Хуросон ба муносибати рӯзи "Шеъру адаби форсӣ" гуфтугӯе анҷом додааст.
Забони форсӣ мероси мондагори фарҳангу адаб ва парчами иззату ҳуввияти ҳар эронӣ ба шумор меравад ва дифоъ аз он ҳамвора яке аз дағдағаҳое аст, ки наметавон аз он ба осонӣ сарфи назар кард.
Бо тааммуле чанд дар торихи рафта бар ин сарзамин, метавон ба ин расид, ки рӯзгоре начандон дур, густараи таҳти сайтараи забони форсӣ ба далоили мухталиф дар давраҳои ҳукуматҳои вақт, бо ҷудо шудани бахшҳои мухталиф, таҳти нуфузи забони кишварҳои дигар қарор гирифтааст, аммо имрӯз талошҳои хубе дар ҷиҳати бозгардондани ҳуввият ва хатти форсӣ дар баъзе кишварҳои манотиқи Осиёи Миёна, аз ҷумла Афғонистону Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар рӯзе, ки ба номи посдошти рӯзи "Шеъру адаби форсӣ" аст, ба суроғи Ҳошим Холов, донишҷӯи дуктурои забону адабиёти форсӣ (тоҷикӣ), нависанда ва таҳиякунандаи барномаҳои радиои тоҷикии Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон рафтем то ба баррасии вазъияти забони форсӣ дар кишвари Тоҷикистон ва рушду тарвиҷи он бипардозем.
Суол: Оё дар Тоҷикистон ҷое ба номи Фарҳангистони забон вуҷуд дорад, ки аз забони форсӣ ҳимоят кунад?
Дар Тоҷикистон пажӯҳишгоҳе муртабит бо Фарҳангистони улум ба номи "Мероси хаттӣ" ҳаст, ки пажӯҳишҳои марбут ба осору кутуби форсӣ аз Рӯдакӣ то кунун, масоили марбут ба забони форсӣ, лаҳҷаи дариву ковишҳои марбут ба забони форсӣ дар он ҷо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Кумитаи забон ва истилоҳот ҳам вазифаи поксозии забони тоҷикии форсӣ аз вожаҳову ибороти русиро ба ӯҳда дорад. Ин кумита дар авохири фурӯпошии Шӯравӣ (1989) ва баъд аз тадвини қонуни забони миллии Тоҷикистон ба вуҷуд омад.
Суол: Ҷойгоҳи забони форсӣ дар Тоҷикистон ба чӣ сурат аст?
Тоҷикон дар Осиёи Миёна қавме форсизабон ҳастанд, ки дар гузашта Эрони бузург шомили ин кишвар ҳам мешуду бар сари ҷангҳои торихӣ ва марзбандии сиёсӣ, ба унвони порае ҷудомонда аз Эрон талаққӣ мешавад.
Баъд аз тасаллути Шӯравӣ дар Осиёи Миёна дар авоили қарни 20, аз ҷумла иқдомоти русҳо, зудудани ҳуввияти миллии кишварҳои таҳти султа буд. Русҳо саъй карданд пайвандҳое, ки миёни забони дарӣ, эрониву афғонистонӣ роиҷ будро ҳазф кунанд. Ба ҳамин хотир, вожаҳо, ибороту истилоҳоти фаровони русиро дар забони тоҷикӣ ба иҷбор таҳмил карданд, вале аҳли адабу ҳунари Тоҷикистон, махсусан устод Садриддин Айнӣ бо роҳҳои мухталиф саъй карданд ҳуввияти форсии тоҷикҳоро ба ҳар шакле, ки шуда ҳифз кунанд.
Суол: Ин талош барои ҳифзи забони форсӣ чӣ тавр ва ба чӣ шакле буд?
Устод Айнӣ дар соли 1926-и мелодӣ китобе бо номи "Намунаҳои адабиёти тоҷик" мунташир кард. Ӯ тазкирагунае аз Рӯдакӣ то шуарои қарни 18-19-ро гирдоварӣ ва ба мақомоти он замон дар Маскав ёдоварӣ кард, ки тоҷикҳо эронинажод ҳастанду дар гузашта дорои хатту забони муштарак будаанд. Агар Шӯравӣ тасмим гирифтааст хатти форсӣ иваз шавад, гӯйиши тоҷикӣ набояд ҳазф шавад, чун мардум ғайр аз ин забон, гӯйише надоранд. Дар бархе манотиқи таҳти тасаллути Шӯравӣ, мисли Қафқоз, саъй карданд забону хатти маҳаллиро аз байн бубаранд ва тасаллути забони русӣ дар чанд насли баъд боис шуд, ки забони онҳо ба русӣ табдил шавад, вале тоҷикҳо бо ҷоннисории ашхосе мисли Садриддин Айнӣ, ба русҳо фаҳмониданд, ки забони форсии тоҷикӣ бояд ҳифз шаваду осору мероси торихӣ ва адабии тоҷик, ки ҳамон мероси куҳани эрониён аст, дар Осиёи Миёна ҳифзу мавриди омӯзишу тадрис дар мадорису донишгоҳҳо қарор гирад. Дар авохири даҳаҳои 1980-и мелодӣ пайравони мактаби устод Айнӣ кам-кам бо истифода аз фазои пешомада дар даврони Михаил Горбачёв, масоили миллиро дар маҳаллоту донишгоҳҳо матраҳ карданду ин ҳаракат дар ниҳоят мунҷар ба ин шуд, ки ҳукумати вақти Тоҷикистон, ки зери назари Маскав буд, маҷбур шуд қонуни забони миллиро дар Тоҷикистон ба тасвиб бирасонад.
Суол: Оё дар ҳоли ҳозир хатту забони форсӣ дар Тоҷикистон роиҷ шудааст?
Муттаассифона, ҷанги дохилӣ ва аз паси он мушкилоти дигар пеш омаду ҳанӯз он қонун ба таври комил иҷро нашудааст, аммо бо ин ҳол, иқдомоте мисли таъсиси кумитаи истилоҳоту истифодаи забони форсӣ дар муассисоту мадориси ғайридавлатӣ дар байни оммаи мардум ва суханрониҳову мукотиботи идорӣ амалӣ шудааст.
Суол: Таомул бо мухотабони радиои форсии тоҷикӣ ба чӣ сурат буд?
Илова бар иртибототи телефонӣ, номаҳои бисёре аз ҳама ҷо дорем. Чанд соли пеш, шахсиятҳои саршиноси фарҳангии Тоҷикистон ва устодони донишгоҳ ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нома заданд, ки қисмати радиои Садои Хуросон ва радиои тоҷикии Машҳад дар тақвияти забони форсӣ ва ҳуввияти миллии Тоҷикистон, ки ҳамон ҳуввияти форсии исломӣ аст, нақши боризе дорад ва аз раиси ҷумҳур хостанд, ҷиҳати фаъолияти дафтари Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва мусоидат барои пешбурди ин дафтару хабарнигорҳои мо, давлати Тоҷикистон мамнуият накунад.
Суол: Оё курсҳое дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба форсӣ ихтисос дорад ё хайр?
Бале, дар Донишгоҳи миллӣ факултае ба номи Шарқшиносӣ фаъолият дорад, ки бахше аз ин факулта марбут ба курси забони форсии роиҷ дар Эрон аст ва алъон ҳам дар ҳамаи донишгоҳҳо курси забони форсии тоҷикӣ вуҷуд дорад ва тадрис дар куллияи мактабҳои миёна ба забони форсии тоҷикӣ аст. Аз тарафи донишгоҳҳо ҳам ин мавзӯъ мавриди рағбату истиқбол аст.
Суол: Оё таомулоте байни Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Эрон ҳаст?
Бале, як ҳамкорӣ байни Кумитаи забон ва истилоҳоти тоҷикӣ, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, ки дар Фарҳангистон улум ҳаст ва ниҳодҳои фарҳангии эронӣ дар сатҳи бисёр густарда вуҷуд дорад, ки ба тақвияти забони форсӣ кӯмак мекунад. Мо дар Тоҷикистон муассисоти эронии Ройзании фарҳангӣ, бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломӣ ва интишороти "Наврӯз" ва чанд хабаргузории эронӣ мисли "Форс" дорем, ки бахше аз фаъолиятҳояшон дар Тоҷикистон ҳифзу густариши забони форсӣ аст.