Сентябр 30, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти нахуствазири Тоҷикистон дар Созмони Миллал

Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал гуфт: амният дар Осиёи марказӣ бо барқарори субот дар Афғонистон иртиботи танготанг дорад.

Қоҳир Расулзода тасреҳ кард: Терроризм ва ифротгароии ҳамроҳ бо ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, сулҳ ва амнияти байналмиллалиро заъиф , муноқишотро шадид ва манотиқи мухталифи ҷаҳонро бесубот мекунанд.

 Изҳороти нахуствазири Тоҷикистон дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал нишон медиҳад, ки терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ муҳиммтарин ва аслитарин нигаронии давлатҳои минтақаи Осиёи марказӣ, бавежа давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар айни ҳол бархурдории бархе аз давлатҳои Осиёи марказӣ назири Тоҷикистон ва Узбакистон аз марзи муштарак бо Афғонистон , шароит ин кишварҳоро барои муқобила бо ҷараёнҳои террористӣ сахттар кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар шароити феълии ҷаҳонӣ, ки рафту омадҳои байналмиллалӣ ба мизони чашмгире тақвият шудааст , ҳеҷ кишваре наметавонд ба танҳоӣ бо ҷараёнҳое назир терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ муқобила кунад. Ё ба иборати дақиқтар ба манзури муқобила бо муъзалоте назири терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ миёни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мебоист ҳарчи бештар тақвият шавад. Алалхусус, ки ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ аз як су орӣ аз зарфиятҳои муқобила бо терроризм аз назари низомӣ ҳастанд ва аз сӯи дигар, нигарони сирояти терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои худ ҳастанд. Дар ин иртибот Омина Ширхонӣ, коршиноси масоили Осиёи марказӣ ва Афғонистон  мегӯяд:

 Имруза амният аз ҷиҳати маҳдуди низомӣ хориҷ шуда ва шаклҳои иқтисодӣ , сиёсӣ , иҷтимоӣ ва зистмуҳитӣ ба худ гирифтааст. Аз он ҷо, ки набудӣ амният дар як минтақа метавонад бар амнияти ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад, аз ин ру амнияти Осиёи марказӣ ба далели вежагиҳои хосс наметавонд ҷудо аз амнияти ҷаҳонӣ бошад.

 Дар ин шароит Амрико, ки худ гумонбари аслӣ ва муттаҳами ҷиддии интиқоли террористҳо аз Сурия , Ироқ ва дигар кишварҳои ғарби Осиё ба Афғонистон ва Осиёи марказӣ аст , ахиран пешниҳоди бозгашти хонаводаҳои террористҳои ДИИШ-ӣ ба Осиёи маркази‎ро матраҳ кардааст. Алис Велс-дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар дидор бо русои ҷумҳурӣ ва намояндагони аршади панҷ кишвари Осиёи марказӣ дар Нию Йорк ироаи кумакҳои молии ройгон дар баробари бозгардондани шаҳрвандони узви гурӯҳи террористи ДИИШ-ро пешниҳод додааст. Табиӣ аст, ки бо ин иқдом  ҷараёни террористии ДИИШ бидуни сарфи ҳазина ва замон ба хонаводаҳои ҷумҳуриҳои ин минтақа сироят хоҳад кард. Шакке нест, ки пешниҳоди расондани кумакҳои молӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ, ки дорои иқтисоди заиф ҳастанд,иғвокунандааст. Ғофил аз онки Амрико тайи солҳои гузашта дар пайи нуфуз дар минтақаи Осиёи марказӣ ба ҳар тариқи мумкин буда , чӣ аз тариқи ҷанг дар Афғонистон ва ҳузури нируҳои ба истилоҳ ҳофизи сулҳаш дар ин кишвар ва чӣ аз тариқи парокандани ҳастаҳои террористии ДИИШ дар ҷой ҷойи ин минтақа, ки ҳосиле ҷуз харобӣ ва куштор барои онҳо надоштааст.

 Дар маҷмӯъ бо таваҷҷуҳ ба нақш ва талош Амрико барои нуфуз дар Осиёи марказӣ ва интиқоли террористҳои ДИИШ ба ин минтақа бояд гуфт: Давлатҳои Осиёи марказӣ барои муқобила бо ҷараёнҳои террористӣ кори бисёр сахте пеши рӯ доранд.