Октябр 01, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Даромади 76 миллион долларии Тоҷикистон аз содироти барқ

Тоҷикистон дар ҳаашт моҳаи имсол аз содироти барқ 76 миллион доллар даромад доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, мақомоти ин вазорат аз содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон таи ҳашт моҳи соли равон ба арзиши молии 76 миллион доллар хабар доданд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 22 дарсад афзоиш доштааст.

Таи ин муддат аз ин кишвар ба хориҷ беш аз дуву ним миллиард киловат соат барқ содир шудааст, ки арзиши молии он 76 миллион доллар будааст.

Гуфта мешавад танҳо дар моҳи августи соли раавон аз нерӯгоҳҳои барқ обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба Афғонистон 241 миллион киловат соат ба Қирғизистон 16 миллион киловат соат ва ба Узбакистон 382 миллион киловат соат барқ содир шудааст.

Бар асоси тавофуқномаи имзошуда миёни Тоҷикистон бо ин се кишвари ҳамсоя, Душанбе мутааҳид шудааст дар соли равон ба Узбакистон ва Афғонистон 3 миллиарду 200 миллион киловат соат барқ содир кунад, ки саҳми ҳар кишвар 1 миллиарду 600 миллион киловат соат хоҳад буд.Ҳамчунин содироти 100 миллион киловат соат барқ ба Қирғизистон ва Қазоқистон то поёни соли равон барномарезӣ шудааст.

Акнун бо баҳрабардорӣ аз ду турбини нахусти нерӯгоҳи барқ обии Роғун дар Тоҷикистон заминаи афзоиши содироти барқи ин кишвар ба хориҷ фароҳам шудааст.