Октябр 05, 2019 10:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ба дастури раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори таҳияи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро дар дидор бо равшанфикрони тоҷик дар остонаи 5 октябр: Рӯзи Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон баён кард.

Вай таъкид кард, ки бояд то моҳи январи соли 2020 қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия ва барои тасвиб ба ҳукумати ин кишвар ироа шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дастур додааст, ки то миёнаҳои соли 2020 фарҳанги луғати забони тоҷикиро таҳия ва мунташир кунад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон китоби сарфу наҳви забони тоҷикӣ 50 сол қабл навишта шуда ва посухгӯи ниёзи ҷомеаи имрӯз нест, ки муҷиби сардаргумӣ дар наҳваи навиштани калимот ва вожаҳо мешавад.

Вай дастур додааст, ки мутуни тамомии фарҳангҳои гузаштаи забони форсӣ ва кутуби ҷадид бояд ба шакли роёнаӣ тадвин ва ироа шавад. Аз ин рӯ, зарурати ироаи гузинаи роёнаии китобҳое назири луғати “Фурс”, “Ғиёс-ул-Луғот”, “Бурҳони қотеъ”, “Фарҳанги Рашидӣ”, “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”, “Фарҳанги Онандроҷ”, “Баҳори Аҷам”, “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва “Луғатномаи Алиакбари Деҳхудо” вуҷуд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон аз ин ки то ба ҳол дар Тоҷикистон кори тадвин ва интишори донишномаи забони тоҷикӣ ба поён нарасидааст, ба шиддат интиқод кард.

Вай аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва мудирияти тадвини Донишномаи миллии ин кишвар ба унвони мутасаддиёни умур дархост кардааст, ки тадвини ин китобро ҳар чӣ зудтар ба поён бирасонанд.

Дар Тоҷикистон рӯзи 5 октябр ба унвони Рӯзи Забони тоҷикӣ номгузорӣ шудааст.

 

 

Барчасп