Ибрози нигаронии додситони вилояти Суғд аз омори болои худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон
Додситони вилояти Суғд аз боло будани омори худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши сойти Озодагон, Ҳабибулло Воҳидов, ин нуктаро ахиран дар нишасти мақомоти интизомӣ ва амниятии вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд иброз намудааст.
Вай таъкид кардааст, ки дар қаламрави вилояти Суғд тақрибан ҳаррӯз як мавриди худкушӣ иттифоқ меафтад, ки аксаран мақомоти интизомӣ наметавонанд далели даст ба чунин иқдом задани шаҳрвандонро мушаххас кунанд. Дар ҳоле, ки омори худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар манотиқи ин кишвар ба маротиб бештар мебошад.
Аз дидгоҳи додситони вилояти Суғд, тадобиру иқдомоти идорот ва созмонҳои давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ дар қаламрави ин минтақа тайи солҳои ахир камтаъсир будааст.
Бар асоси омори расмӣ, тайи соли гузашта ( 2015) дар қаламрави вилояти Суғд беш аз 300 мавриди худкушӣ ба сабт расидааст. Аммо дар солҳои қабл дар қаламрави вилояти Суғд, то 600 маврид даст ба худкушӣ задани шаҳрвандони ин минтақа дар як сол низ ба сабт расида буд.