Таъсиси Маркази воҳиди назорат бар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
Бонки миллии Тоҷикистон аз таъсиси Маркази воҳиди назорат бар даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар аз Русия хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти ин ниҳоди молӣ ҳадаф аз таъсиси ин марказро иртиқои сифати хадамот ва шаффофсозии манобеи ирсолшуда унвон кардаанд.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз аввали моҳи сентябр танҳо шуморе аз бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Русия муҷоз ба интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳанд буд, ки маблағеро аз қабл дар ниҳодҳои молии Тоҷикистон ба унвони амонат ва пешпардохт сипурдагузорӣ карда бошанд.
Ин иқдом бо интиқоди шадиди иқтисоддонони тоҷик ва созмонҳои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия ру ба ру шудааст.
Аз сӯи дигар ахиран сокинони ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Кулоб, Файзобод ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди сомонӣ воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар бонкҳо ва марказҳои молии маҳали сукунати худ шикоят кардаанд.
Ин ашхос мегуянд, ки даромади ирсолии бастагонашон аз Русияро, ки ба рубл ирсол мешавад дар Тоҷикистон ба далелил набуди сомонӣ наметавонанд дарёфт кунанд ва дар бештари ин марказҳо танҳо то нисфи рӯзӣ имкони дарёфти сомонӣ аз бонкҳо вуҷуд дорад.
Бо ин ҳол масъулони Бонки миллии Тоҷикистон аз додани тавзеҳ дар бораи шикояти сокинони ин минтақаҳо аз набуди сомонӣ худдорӣ кардаанд.