Октябр 06, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: захираҳои об танҳо сарвати муҳими Тоҷикистон аст

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки танҳо сарвати муҳими ин кишвар вуҷуди захоири фаровони об барои тавлиди барқ аст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии Алҷазираи Қатар гуфтааст, ки Тоҷикистон беш аз 580 миллиард киловат соат захоири об барои тавлиди барқ дорад ва аз ин нигоҳ дар ҷойгоҳи ҳаштуми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, кишвараш ба иллати камбуди сармоя наметавонад ба андозаи кофӣ аз ин манобеи саршор барои тавлиди барқ истифода кунад.

Ба гуфтаи Раҳмон 60 дарсад аз сарчашмаҳои манобеи оби Осиёи Марказӣ низ дар Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки кишварҳои поиндаст аз ин захоир истифода мекунанд.

Вай ҳамчунин аз вуҷуди беш аз 12 ҳазор яхчоли табиӣ дар куҳистонҳои Тоҷикистон хабар дод, ки сарчашмаи муҳими таъмини оби мавриди ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо такмили тарҳи Каса1000 барои интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон заминаи афзоиши содироти барқи бештар фароҳам хоҳад шуд.

Раҳмон ибрози умедворӣ кардааст ин тарҳ дар соли 2021 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Ба гуфтаи Раҳмон дар шароити кунунӣ ба далели маҳдуд будани хутути содироти барқ Тоҷикистон танҳо ба кишварҳои ҳамсояаш барқ мунтақил мекунад.

Барчасп